ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ
МАҶАЛЛАИ ИЛМӢ-ТАҲЛИЛИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»-И
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мо шодем, ки Шумо нисбати Сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудед.
Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ», ки бо фармоиши директори Марказ аз 20 майи соли 2019, №6 тасдиқ гардидааст, нашр мегардад.
Маҷаллаи мазкур моҳи декабри соли 2010 таъсис ёфтааст, ки муассиси он Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба он шаҳодатномаи бақайдгирии нашрияи даврӣ №001/МҶ-97 аз 03 июли соли 2017 дода шудааст.
Маҷаллаи «Қонунгузорӣ» нашрияи обунавии даврии Марказ буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он паҳн мегардад.
Маҷалла бо мақсади мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, низоми давлатии иттилооти ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории амалкунанда, интишори тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотию таҳлилӣ ба табъ мерасад.
Дар Маҷалла маводҳои аслии илмӣ доир ба инъикоси мушкилоти мубрами соҳаи ҳуқуқ, ки ба фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ пешниҳод ва ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба фаъолияти илмию ҳуқуқэҷодкунӣ равона гардидаанд, нашр карда мешаванд.
Мувофиқи банди 5 Низомномаи Маҷаллаи «Қонунгузорӣ» нашри Маҷалла дар асоси принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, гуногунандешӣ, объективӣ ва касбият амалӣ карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки Маҷаллаи «Қонунгузорӣ» 31 майи соли 2018 ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Маҷалла, инчунин дар Базаи маълумотҳои таҳлилии – Шохиси илмии тақризшавандаи Россия (РИНЦ) шомил мебошад.
Тақсимоти ройгони шумораҳои маҷалла дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 453 “Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор, инчунин ба роҳбарият ва кормандони Марказ, муаллифони мақолаҳои илмӣ ва шахсони обунагашта амалӣ мегардад.
Сомонаи расмии Маҷалла бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис ёфта, дар он маълумоти зарурӣ оид ба фаъолияти Маҷалла, талаботи чопи мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои илмии олимони ватаниву хориҷӣ, ки дар Маҷалла нашр шудаанд ва маълумоти дигари ба сомона алоқаманд ҷойгир гардида, ба доираи васеи истифодабарандагон пешниҳод карда мешаванд.