ТАЛАБОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

  1. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФОН

- насаб, ном ва номи падари муаллиф/муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
- номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – қайди давлат, шаҳр (бо се забон);
- почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон);
- акси муаллиф дар формати JPEG.

 

  1. НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

 

  1. КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати нуқтавергул (;) ҷудо карда мешаванд.

 

  1. АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

 

  1. БАХШҲОИ МАВЗӮӢ

Нишон додани рамзи «КУД» ё «КОА» (тибқи талаботи амалкунандаи тахассусии кормандони илмӣ).

 

  1. ОРОИШИ МАТН

Доираи саҳифа: 3 см. аз чап, 1 см. аз рост, 2 см. аз боло ва 2 см. аз поён.
Шрифт: Times New Roman TJ 12 кгл; Times New Roman 12 кгл (барои матни русӣ).
Фосила: 1.
Сархат: 1 см.
Ориентатсия: «книжная», бе гузоштани саҳифа, бе кӯчонидан аз сатр ба сатр, истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]». Агар саҳифа дошта бошад: «[1, с. 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи Microsoft Office - Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр, бе сархат, бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «по ширине».
Ҳаҷми саҳифа: на камтар аз 7 саҳифа (барои мақолаи илмӣ).

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ РӮЙХАТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

 

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 699.
Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Қонунгузорӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО

Тарасова В.И. Политическая история Латинской Америки: учебник для вузов. – 2-е изд. – М.: Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А. Исследование, разработка и построение системы электронной доставки документов в библиотеке: Автореф. дисс. … канд. техн. наук. - Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Этнополитические конфликты в современной России: на примере Северо-Кавказского региона: Дисс. … канд. полит. наук. - М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Экономика и политика России и государств ближнего зарубежья: аналит. обзор, апр. 2007 / Рос. акад. наук, Ин-т мировой экономики и междунар. отношений. – М.: ИМЭМО, 2007. - 39 с.

МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Археология: история и перспективы: сб. ст. Первой межрегион. конф., Ярославль, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Исламский банкинг пришел в Россию [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз 5 марти соли 2007 [Манбаи электронӣ] //URL:http://mmk.tj/ru/legislation/legislation-base/2007/ (санаи муроҷиат: 12.10.2016).